LIVE

"Челси" барои бозигари собиқи худ 95 млн зарар мебинад

"Челси" ҳамлагари  "Интер" - Ромелу Лукакуро ба ҳайати худ ҷалб мекунад.  Лондониҳо барои ин футболбози собиқи худ  115 миллион евро пардохт хоҳанд кард. Қаблан расонаҳо иддао доштанд, ки худи Лукаку дар бораи шартнома бо “Челси” розӣ аст. Интизор меравад, ки рӯзҳои наздик ин гузариш расман эълон карда мешавад.  
Лукаку аллакай дар “Челси” Ӯ моҳи августи соли 2011 ба клуби лондонӣ ҷалб шуд, аммо худро нишон дода натавонист.  Баъд аз 15 бозӣ ӯ ҳайати лондониҳоро тарк намуда бо “Эвертон” гузариш карда буд. Лукаку аз соли 2011 то 2014 ба "Челси" тааллуқ дошт.  Ин муомилот 20 млн евроро дар бар мегирифт. Аммо "Челси" барои бори дуюм бо ӯ шартнома бастан беш аз 115 миллион евро сарф мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив