LIVE

«Челси» ҷойгузини Виллианро пайдо кард

Лондониҳо ба рафтани ду футболбози худ - Педро ва Виллиан омода мешаванд. Футболбози марокашии дастаи «Аякс» - Ҳаким Зиеш имкон дорад, ки дар мавсими оянда ба ҳайати тими «Челси» пайвандад. Ҷонибҳо аллакай дар мавриди ин муомилот ба мувофиқа расиданд.  Футболбози 26 сола тобистни соли гузашта бо «Аякс» то соли 2022 қарордоди нав баст. Роҳбари клуби шаҳри Амстердам бо маблағи 45 млн евро розӣ шуд, ки бозигари худро ба Англия фиристад.  
Ба ин футболбози марокашӣ дигар клубҳои маъруф низ таваҷҷуҳ доштанд, аммо лондониҳо пешниҳоди хуб карданд. 
Баъд аз ҷалби ӯ «Челси» бо ду футболбози таҷрибадори худ Педро ва Виллиан, ки ҳарду ба Испания рафтанианд, хайру хуш мекунад

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив