LIVE

Ромелу Лукаку омодааст, ки ба "Интер" гузарад

Ҳамлагари "Челси" - Ромелу Лукаку хоҳиши бозгашт ба дастаи "Интер"-ро дорад. Футболбози белгиягӣ, ки аз ибтидои мавсим хоҳиши бозгашт ба дастаи миланиро пинҳон намедорад, аз мушкилии “Челси” истифода карда, метаонад ба Италия баргардад. Лукаку дар навбати аввал ӯ нақша гузариш ба таври иҷораро баррасӣ мекунад. Рушди ин вазъ аз он вобаста аст, ки оё Роман Абрамович "Челси"-ро мефурӯшад.
 Ҳамлагари 28-сола дар ҳайати “Челси” дар 31 бозӣ дар тамоми мусобиқот 11 гол ва 2 партофти головар кардааст. Ромелу Лукаку дар ҳайати «Интер» мавсими гузашта қаҳрамони Италия гардида буд. Ҳамлагари белгиягӣ дар 44 бозӣ 30 гол ва 10 партофти головар анҷом додааст.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив