LIVE

Лукаку оташи барангехтаашро хомӯш кард

Ҳамлагари тими “Челси” Ромелу Лукаку барои мусоҳибаи баҳсбарангезаш аз мухлисони бошгоҳи лондонӣ узр хост.
 "Ман аз мухлисон барои хафа кардани онҳо бахшиш мепурсам. Аз  овони наврасӣ бо "Челси" робита доштам, аз ин рӯ ҳиссиёти мухлисонро комилан мефаҳмам. Ҳоло ман бояд боварии шуморо дубора ба даст орам. Ман ҳама корро мекунам, то ба даста кумак кунам. Аз мураббӣ, ҳамдастаҳо ва роҳбарият узр мепурсам. Ман ният дорам беҳтарин бозии худро нишон диҳам", -  Гуфтааст Лукаку ба сомонаи расмии бошгоҳ.
 Ёдовар мешавем, ки қаблан Лукаку аз мавқеъаш дар "Челси" изҳори норозигӣ карда, хоҳиши бозгашт ба "Интер"-ро эълон карда буд.
 Лукакуи 28-сола дар мавсими ҷорӣ дар ҳайати “Челси” дар тамоми мусобиқот 18 бозӣ анҷом дода, 7 гол ва ду ассист кардааст. Шартномаи ӯ то соли 2026 баста шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив