LIVE

Гуфтугӯи як бар яки Лукаку бо Тухел чӣ натиҷа дод?

Натоиҷи музокираҳои сармураббии “Челси” Томас Тухел ва ҳамлагари бошгоҳ Ромелу Лукаку пас аз мусоҳибаи ҷанҷолӣ маълум шуд, хабар медиҳад Sky Sport.

Ба гуфтаи манбаъ, ҳамлагар аз мусоҳибааш пушаймон аст ва пас аз суҳбат бо Тухел тасмим гирифта шуд, ки ин ҳодисаи ногуворро фаромӯш мекунанд. Инчунин хабар дода мешавад, ки рафтани Лукаку аз «Челси» ҳеҷ гоҳ матраҳ нашудааст ва ӯ ин моҳ ё тобистони оянда дастаро тарк намекунад.

Қаблан, Ромелу Лукаку ба расонаҳои итолиёвӣ мусоҳибаи тӯлонӣ дода, дар он дар бораи ҳолатҳои тарки "Инте"р ва норозигии худ аз нақшаи Тухел дар "Челси" гуфта буд. Пас аз ин Тухел ҳамлагари белгиягиро ба бозии даври 21-уми чемпионати Англия бо «Ливерпул» (2:2) роҳ надод.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив