LIVE

Тухел дар бораи ояндаи Лукаку ҳарф зад

Сармураббии дастаи «Челси» Томас Тухел пас аз мусоҳибаи баҳсбарангез  ба саволи ояндаи ҳамлагар Ромелу Лукаку посух дод.

"Оё роҳи бозгашт ба Челси ҳаст? Ӯ бозигари мост. Ҳамеша роҳи бозгашт вуҷуд дорад. Мо ҳама чизро дар Кобҳем, паси дарҳои баста ҳал хоҳем кард. Ва ҳамин ки мо тасмим гирифтем, шумо дар ин бора мефаҳмед", - гуфт Томас.

Қаблан, Ромелу Лукаку ба расонаҳои итолиёвӣ мусоҳибаи тӯлонӣ дода, дар он дар бораи ҳолатҳои тарки "Интер" ва норозигии худ аз нақшаи Тухел дар "Челси" гуфта буд. Пас аз ин Тухел ҳамлагари белгиягиро дар бозӣ бо "Ливерпул"  ба майдон набаровард. Вохӯрӣ бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив