LIVE

Ромелу Лукаку ба "Челси" баргашт

"Челси" ҳамлагари  "Интер" - Ромелу Лукакуро ба ҳайати худ ҷалб намуд.  Лондониҳо барои ин футболбози собиқи худ 115 миллион евро пардохт карданд. Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки ин гузариш беш аз 100 млн-ро дар бар мегирад. 
Лукаку аллакай дар “Челси” соли 2011 ба клуби лондонӣ ҷалб шуда буд, аммо худро нишон дода натавонист.  Баъд аз 15 бозии бидуни гол ӯ ҳайати лондониҳоро тарк намуда бо “Эвертон” гузариш карда буд. Ин муомилот 20 млн евроро дар бар мегирифт. Лукаку аз соли 2011 то 2014 ба "Челси" тааллуқ дошт.  Аммо "Челси" барои бори дуюм бо ӯ шартнома бастан беш аз 115 миллион евро сарф намуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив