LIVE

"Нюкасл" бозигари "Барса"-ро 20 млн нарх кард

Ҳимоятгари «Барселона» Самуэл Юмтити зери таваҷҷӯҳи тими «Нюкасл»-и Англия қарор дорад.   Ба иттилои  Marca, дифогари фаронсавӣ ҳадафи аввалиндараҷаи «Нюкасл» дар равзанаи трансфери зимистона аст.  Бошгоҳи инглисӣ омода аст барои ӯ 20 миллион евро пешниҳод кунад. Юмтитии 28-сола дар мавсими имсола дар як бозии чемпионати Испания ширкат кардааст.  Юмтити аз соли 2016 дар тими “Барселона” бозӣ мекунад.  Шартномаи ҳимоятгар бо клуб то моҳи июни соли 2023 амал мекунад.  Тибқи иттилои портали Transtermarkt, арзиши ин бозигар 5 миллион евро аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив