LIVE

"ПСЖ" футболбозашро ба "Реал Сосйедад" дод

Нимҳимоятгар Рафиня Алкантара аз ПСЖ ба “Реал Сосйедад” гузашт. Сомонаи расмии "Реал Сосйедад" хабар медиҳад, ки футболбози 28-солаи бразилӣ дар ҳайати тими испанӣ  тариқи иҷора бозӣ мекунад.
Рафиняи 28-сола моҳи октябри соли 2020 ба бошгоҳи фаронсавӣ  аз "Барселона" ба маблағи 1,5 миллион евро гузашт. Дар мавсими имсола нимҳимоятгар дар панҷ бозии Лигаи 1-и Фаронса ягон гол назадааст. Шартномаи Рафиня то соли 2023 амал мекунад. Портали Transfermarkt футболбозро 12 миллион евро арзёбӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив