«Барселона» ба муҳофизатгари 26-солаи фаронсавии хеш Самуэл Юмтити иҷозат додааст, ки тобистон ҳайати дастаи феълиашро тарк кунад. Барои бастани шартнома бо ӯ ду бошгоҳи лондонӣ «Челси» ва «Арсенал» таваҷҷуҳ доранд, дар ин бора Mundo Deportivo иттиллоъ додааст.
Футболбози фаронсавӣ дербоз дар зери назорати дастаи «Арсенал» қарор дорад. Худи бозигар бошад, барои гузариш ба тими «Челси» ҳавасманд аст.
Футболбзи 26-сола хоҳиши боқи мондан дар ҳайати тими «Барселона»-ро дорад, аммо роҳбарияти клуб бар ивази 50 миллион евро омодааст, ки бо ин бозигараш хайру хуш намояд. Юмтити гуфтааст, ки ба дастае мугазарад, ки дар Лигаи Чемпионҳо бозӣ кунад. Дар чунин сурат имконияти «Челси» назар ба «Арсенал» ва «Манчестер Юнайтед» бештар аст.