LIVE

Иско тарки дастаи “Севиля” мекунад.

“Севиля” ва ниммуҳофизатгар Иско ба хулосае омаданд, ки шартномаи худро пеш аз муҳлат бекор намоянд. 

Ба иттилои манбаъ, дар ояндаи наздик клуб расман дар бораи қатъи шартнома хабар хоҳад дод. Иско бо сабаби хуб набудани муносибат бо директори варзишии даста, Мончи тасмим гирифт, ки тимро тарк кунад. Сармураббии «Севиля» Хорхе Сампаоли ба роҳбарияти клуб гуфт, ки ба ин бозигар умед надорад. 

Иско метавонад бо “Вулверхэмптон”, ки онро собиқ сармураббии “Севиля” - Хулен Лопетеги раҳбарӣ мекунад, шартнома бандад. 

Бозингари 30-сола моҳи августи соли 2022 ҳамчун агенти озод, бо “Севиля” гузашт ва дар ҳайати он 19 бозӣ анҷом дода, як гол задааст.
Шартномаи ӯ бо даста то тобистони соли 2024 амал мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив