LIVE

"Челси" бо ҳамлагари "Интер" шартнома мебандад

"Челси" дар талоши ба даст овардани ҳамлагари "Интер" - Лаутаро Мартинес мебошад. Ба иттилои манбаъ, бошгоҳи инглисӣ талош хоҳад кард, ки футболбозро тобистон ба имзо расонад. Маблағи гузариш метавонад тақрибан 75 миллион евроро ташкил диҳад. Ба ин бозигар сармураббии ояндаи даста - Маурисио Почеттино таваҷҷӯҳ дорад.

Лаутаро дар ин мавсим дар ҳайати "Интер" 47 бозӣ анҷом дода, ба задани 21 гол ва 7 партофти головар даст ёфтааст.

Шартномаи футболбоз бо бошгоҳи миланӣ то охири моҳи июни соли 2026 амал мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив