LIVE

Почеттино: Мартинес беҳтарин ҳамлагар аст

Маурисио Почеттино собиқ сармураббии "Тоттенхэм" футболбози 22-солаи "Интер" - Лаутаро Мартинесро яке аз беҳтарин ҳамлаварон  дар ҷаҳон хонд. Мартинес яке аз беҳтарин ҳамлагарон дар ҷаҳон аст. Агар шумо ба бозии беҳтарин ҳамлаварони сайёра аз он ҷумла Месси, Роналду, Неймар ва Мбаппе назар андозед ба осонӣ баҳо дода метавонед, ки Мартинес дар кадом сатҳ қарор дорад, гуфтааст Маурисио Почеттино дар пахши мустақими радиои La Plata. Ин мавсим Мартинес дар 31 бозии «Интер» ширкат варзида, ба задани 16 гол ва 4 партофти самаровар даст ёфтааст. Айни замон як қатор дастаҳои пурқуввати сайёра аз он ҷумла "Барселона" барои ба даст овардани ҳамватани Почеттино талош дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив