LIVE

Рақобати «Барса» ва «Ман Сити» барои ҳамлагари “Интер”

Бошгоҳи «Манчестер Сити» дар баробари «Барселона» барои ба даст овардани ҳамлавари аргентинии “Интер” - Лаутаро Мартинес мубориза мебарад. Инчунин ба ҷуз аз “шаҳриҳо” ва “нилунориҳо” дастаҳои «Челси» ва «Реал» низ мақсади ба даст овардани ин ҳамлавари ҷавонро доранд. Дастаи Пеп Гвардиола омодааст, ки барои харидории Лаутаро 97,5 млн фунтро пардохт кунад. Қаблан худи Мартинес низ аз шартномаи нав бо “Интер” даст кашида буд. Дар ин миён шонси бошгоҳи каталонӣ назар ба дигар рақибонаш бештар аст, зеро Лаутаро Мартинес аз хурди орзуи бозӣ кардан дар ҳайати “Барселона”-ро доштааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив