LIVE

"Барселона" ҳадафи асосии трансферияшро маълум кард

Барселона ҳадафи асосии трансферии худро маълум кард. Ба гуфти ВАО-и испанӣ Барселона ахиран аз харидории Обамеянг даст кашида,Мартинесро харидорӣ мекунад ва дар моҳи июл бояд,ки аргентиниро ба даст орад. Брейтвейт албатта, ки нағз аст,вале барои бошгоҳи чунин сатҳ ҳамлавари барқарор ва доим голзананда зарур аст. Нилунориҳо ҳануз дар моҳи январ мехостанд Мартинесро харидорӣ  намоянд,вале Интер аз фуруши бозингари хеш даст кашид. Аммо Барса бошад дар  навбати худ мехоҳад,ки на танҳо 111 миллион евроро аз барои Лаутаро пардохт намояд,балки маоши солонаи  7 миллионаро ҷамъи иловапулиҳо низ барояш қурбон мекунад. Маълумот дода мешавад,ки шартномаи  эҳтимолӣ бо Мартинес бояд,ки то тобистони соли 2025 муҳлат пайдо мекунад.  Нерадзурриҳо то ҳол аз фурӯши ҳамлавари хеш розигӣ надоданд. Аммо аз рӯи ВАО-и итолиявӣ Мартинес махсус барои Ла лига ба Манчестер Юнайтед ҷавоби рад дода буд. Дар хусуси ҷиҳатҳои мусбии ҳамватани хеш ҳамчунин Лео Месси сухан кард: ӯ гуфт Лаутаро бозингари ҷолиб аст дорои сифатҳои олии бозикунӣ. Аз намудаш маълум буд,ки ӯ бозингари аъло мешавад. Ӯ бозии хушсифатро нишон медиҳад. Мартинес пурқувват аст ва имкониятҳои якба  якро хуб истифода мебарад ва голҳои зиёде мезанад. Ӯ қодир аст,ки дар майдончаи ҷаримавӣ бо дилхоҳ бозингар рақобат кунад. Ӯ аз зумраи бозингарони ҳаматарафа аст ва ман мехостам,ки ӯ ба Барселона гузарад ва мо якҷоя барои ҷоизаҳо аз ҷумла Лигаи Қаҳрамонҳо мубориз мебурдем.  Лаутаро ба Луис хеле монанд аст. Онҳо ҳардуяшон дорои бадани пурқувват буда,дар тубнигоҳдорӣ  пурмаҳоратанд.  Онҳо метавонанд аз сифр имкониятҳои голзаниро созмон диҳанд. Ва чӣ хеле ман гуфтам,футболбозони хуб ба даста тез мутобиқ мешаванд. Агар барояш бозикунӣ лозим бошад,дар ин сурат ҳама чиз ҷобаҷо аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив