LIVE

БУЛҒОРИЯ: Ду партоби головари Умарбоев ва ғалабаи Локомотив Пловдив


Шоми дирӯз дар шаҳри Софияи Булғория рақобати даври 9-уми чемпионати ин кишвар бо иштироки дастаҳои "Сарско Село" ва "Локомотив" сурат гирифт. Дар ин бозии драматикӣ дастаи меҳмонон, ки футболбози тоҷик Парвизҷон Умарбоев дар он ҳунарнамоӣ мекунад, дастболо шуд. Мавсуф дар ин вохӯрӣ ҳанӯз дар дақиқаи 19-уми дидор бо маҳорати олияш Дейвид Малембанро маҷбур намуд то ҳисобро боз кунад. Дар голи дуюм ҳам нақши Парвизҷон аввалиндараҷа буд, зеро бо талоши ӯ Даниш Алмейда дарвозаи ҳарифонро рахна кард. Тӯби сеюмро Бирсент Карагарен ба ҳадаф расонид. Ҳарчанд мизбонон дар дақиқаҳои поёни қувваозмоӣ ду гол заданд, аммо пирӯзи насиби дастаи "Локомотив" шуд. Ниммуҳофизатгари тими мунтахабит Тоҷикистон 90 дақиқа дар майдон буд. Дастаи ӯ дар даври оянда рӯзи 22-юми сентябр бо тими "Берое" дар майдони худ дидор мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив