LIVE

Локомотиви Умарбоев мағлуб шуд, аммо ба даври дигар баромад

Дастаи "Локомотив" Пловдиви Булғория, ки дар он ниммуҳофизатгари дастаи миллии Тоҷикистон Парвизҷон Умарбоев бозӣ мекунад, дар вохӯрии ҷавобии даври дуюми бозиҳои интихобӣ аз "Спартак"и Словакия ноком шуд. Дидори дастаҳо бо ҳисоби 3:1 хотима ёфта, як голи Ален Озболт "Локомотив"-ро наҷот дод. Умарбоев дар дақиқаи 57-уми бозӣ ниммуҳофизатгар Петар Витановро иваз намуд. Дидори  аввали дастаҳо дар Пловдив бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи дастаи Парвизҷон Умарбоев ба итмом расида буд. Аз рӯи голи задашуда дар сафар "Локомотив" ба даври сеюми бозиҳои интихобӣ роҳхат гирифт. Акнун онҳоро дастаи "Страсбур"-и Фаронса итнтизор аст. Вохӯрии аввал 8-ум ва дидори ҷавоби 15-уми август доир мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив