LIVE

Дастаи Парвизҷон Умарбоев дар Лигаи Аврупо пирӯз шуд (АКС)

Шаби гузашта як қатор бозиҳои даври дуюми марҳилаи муқаддамотии Лигаи Аврупо сурат гирифтанд. Дастаи "Локомотив" Пловдиви Булғория, ки дар он ниммуҳофизатгари тими миллии Тоҷикистон Парвизҷон Умарбоев ҳунармнамоӣ мекунад, бо дастаи "Спартак" Трнаваи Словакия рақобат кард. Вохӯри дастаҳо дар Пловдив доир шуда, бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи мизбонон хотима ёфт. Футболбози тоҷик дар ин дидор 90 дақиқа ҳунарнамоӣ кард ва танҳо дар дақиқаи 5-уми иловагӣ иваз шуд. Вохӯрии ҷавобии дастаҳои "Локомотив" ва "Спартак" 1-ум август дар Словакия доир мешавад. 



Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив