LIVE

Ҳафтаи бебарору бобарори лигионерони тоҷик

 
Ин ҳафта як қатор лигионероҳои тоҷик, ки дар чемпионатҳои футболи Русия, Индонезия, Булғория, ва Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ мекунанд, бо дастаҳои хеш натиҷаҳои гуногун нишон доданд. Ҳимоятгари 29 солаи тоҷик Фарҳод Восиев дар дастаи нави худ "Нефтехимик" дар мусобиқаи Лигаи миллии футболи Русия нахустинбор ба ҳайати асосӣ баромад. Дастаи ӯ дар сафар аз тими "Авангард" бо ҳисоби 1:0 шикаст хӯрд. "Нефтехимик" айни ҳол баъди панҷ давр дар ҷойи 8-ум қарор дорад. 
  Мавсими нави чемпионати Булғория оғоз шудааст. Дастаи "Локомотив" Пловдиви Парвизҷон Умарбоев дар 3 бозӣ ду ғалаба ва як бохт дорад. Ин ҳафта "Локомотив" дар сафар муқобили "Ботев Вратса" бозӣ карда, бо ҳисоби 4-1 дар сафар зафар ёфт. Мутаасифона футболбозони тоҷик ба руйхати бозингарони асосӣ ва эҳтиётӣ шомил нашуд, зеро рӯзи якуми август дастаи Парвизҷон Умарбоевро рақобат бо тими "Спартак"-и Словакия дар бозии ҷавобии марҳилаи муқадамотии Лигаи Аврупо интитзор аст.  
  Фатҳулло Фатҳуллоев, ки чанде пеш аз "Истиқлол" ба "Бухоро"-и Ӯзбекистон гузашт дар чемпионати Суперлигаи ин кишвар бори аввал майдондорӣ кард. Дар бозӣ муқобили тими "Андиҷон" дастаи ӯ дар сафар бо ҳисоби 2:0 ба бохт дучор омад. Фатҳулло 65 дақиқа дар ҳайати асосӣ ҳунарнамоӣ кард. Аммо футболбози дигари тоҷик Амирбек Ҷӯрабоев ба руйхати дастаи "Навбаҳор" муқобили тими "Қизилқум"шомил нагардид.
   Бошгоҳи "ТИРА Персикабо", ки дар он ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон Хуршед Бекназаров ҳунарнамоӣ мекунад пирӯзии навбатиашро дар даври 11-уми чемпионати Индонезия ба даст овард. Ҳамдастаҳои Бекназаров бо ҳисоби калони 5:2 "Калтенг Путра"-ро ноком карданд. Ҳимоятгари тоҷик аз аввал то охир дар майдон қарор дошт. Дастаи Манчеҳр Ҷалилов бошгоҳи "Персебая" бошад дар ҳамин давр муқобили "Семенг Паданг" бозиро муссовӣ 0:0 анҷом дод ва Манучеҳр, ки аз дақиқаҳои нахуст вориди майдон шуда буд, баъди 58 дақиқа иваз гардид. Ҳоло дар чемпионати Индонезия дастаи "ТИРА Персикабо"-и Бекназаров бо 23 имтиёз дар ҷойи аввал меистад. "Персебая"-и Ҷалилов бошад дар ҷойи ҳафтум қарор гирифтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив