LIVE

Парвизҷон Умарбоев: Бояд ҷиддитар омода шавем


Парвизҷон Умарбоев ниммуҳофизатгари тими миллии Тоҷикистон ва дастаи "Локомотив"-и Булғория дар мавриди натиҷаи қуръакашии бозиҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 андешаашро баён карда, илова намуд, ки дар ин гуруҳ ҳарифони хеле пурқувват моро интизор аст. .  

"Дар мавриди қуръакаши ҳаминро бояд гуфт, ки дастаҳои қавӣ ба гуруҳи мо шомил шуданд ва чунин меҳисобам, ки дар гуруҳи хеле хуб рақобат менамоем. Дар бораи ҳарифон ҳаминро гуфтаниям, ки Ҷопон ва Қирғизистон дастаҳои ботаҷриба ҳастанд, аммо дар мавриди мунтахабҳои Мянмар ва Муғулистон маълумотӣ кофӣ надорам. Фикр мекунам имконияти мо хело хуб буда, аз ҳоло омодагиро ба ин рақобатҳо ҷиддитар ба роҳ монда, баҳри роҳ ёфтан ба даври дигар талош намоем." гуфт Парвиз Умарбоев дар як сӯҳбат ба сомонаи ftv.tj 

Умарбоев аз соли 2015 дар ҳайати дастаи мунтахаб ҳунарнамоӣ дорад. То ин вақт ӯ дар 19 бозӣ ба майдон омада, 6 гол ба ҳадаф расонидааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив