LIVE

Тоҷикистон Қирғизистонро мағлуб кард

Дар бозии якуми марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Ҷаҳон 2022 Тоҷикистон бо Қирғизистон бозӣ кард. Дидор дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дар ҳузури беш аз 15 ҳазор мухлис доир гардида, бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи футболбозони мо хатм гардид. Дар оғози дидор меҳмонон фаъол буданд вале баъдан мунтахаби кишварамон ташаббусро ба даст гирифта, як бар як имкониятҳои хуби голзаниро созмон медоданд. Манучеҳр Ҷалилов ва Парвизҷон Умарбоев ду маротиба имконияти голзани доштанд аммо дарвозабони рақиб Павел Матиаш сейв анҷом дода, ҳолатҳоро бартараф кард. Билохира дар дақиқаи 41-уми сабқат Алишер Ҷалилов пас аз партофти Парвизҷон Умарбоев ҳисоби дидорро кушод. 
Дар нимаи дуюм мунтахаби Тоҷикистон бештар ба хати ҳимоя таваҷҷуҳ карда, аз аксулҳуҷумҳо кор мегирифт. Дар дақиқаҳои охири бозӣ новобаста бар оне ки рақиб бештар тӯбро идора мекард футболбозони тоҷик тавонистанд, ки дар хати муҳофиза хуб ҳунарнамоӣ карда, пирӯзии мунтахабамонро таъмин кунанд. Пас аз ин ғалаба мунтахаби Тоҷикистон бо касби 3 имтиёз садрнишини ҷадвали гуруҳи F гарида, бозии ояндаи худро санаи 10-уми сентябр дар сафар бо Муғулистон доир менамояд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив