LIVE

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон-2022 муайян шуд

Сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон - Усмон Тошев ҳайати мунтахаби кишварро дар ду бозии марҳилаи интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 муқобили яккачинҳои Қирғизистон (5 сентябр, Душанбе) ва Монголия (10 сентябр, Улан-Батор) эълон кард. Барои омодагӣ ба марҳилаи муқаддамотии Чемпионати ҷаҳон-2022 ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 25 футболбоз – 3 дарвозабон, 8 дифоъгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлавар ҷалб шуданд. Инчунин ба ҳайати тими милли кишвар чор легионер дифоъгар - Хуршед Бекназаров («ПС ТИРА» - Индонезия), нимҳимоятгарон - Парвизҷон Умарбоев («Локомотив» Пловдив - Болгария), Амирбек Ҷурабоев («Навбаҳор» - Ӯзбекистон) ва Манучеҳр Ҷалилов («Персебая»- Индонезия) даъват шуданд. Мунтахаби Тоҷикистон омодагии хешро барои бозиҳои муқаддамотии ҶҶ-2022 санаи 28-уми август оғоз мекунад. Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон бозии нахустини худро дар марҳилаи муқаддамотии ҶҶ-2022 дар гурӯҳи «F» бар зидди Қирғизистон санаи 5-уми сентябр баргузор мекунад. Оғози бозӣ соати 19:00 дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ва арзиши чиптаҳо 10 сомонӣ муқаррар шудаанд.
 Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ба бозиҳои интихобии ҶҶ-2022:
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов («Истиқлол»), Шоҳрух Қиргизбоев («Локомотив-Памир»), Дилшод Додобоев («Истаравшан»);
Дифоъгарон: Хуршед Бекназаров («ПС ТИРА», Индонезия), Давронҷон Эргашев («Хуҷанд»), Манучеҳр Сафаров («Хуҷанд»), Аҳтам Назаров, Искандар Ҷалилов, Табрези Давлатмир, Зоир Ҷурабоев (ҳама – «Истиқлол»), Сиёвуш Асроров (бе даста);
Ниммуҳофизатгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Пловдив, Болгария), Амирбек Ҷурабоев («Навбаҳор», Ӯзбекистон), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Муҳаммаҷон Раҳимов, Комрон Турсунов (ҳама – «Истиклол»), Кароматулло Саидов, Отабек Каримов (ҳарду – «Кӯктош»), Илхомҷон Баротов («Истаравшан»), Шарафҷон Солеҳов (КМВА «Помир»);
Ҳамлаварон: Манучеҳр Ҷалилов («Персебая», Индонезия), Ҷаҳонгир Эргашев («Хуҷанд»), Шериддин Бобоев, Шаҳром Самиев (ҳарду – «Истиқлол»).
Сармураббӣ – Усмон Тошев.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив