LIVE

Аз Чин мағлуб шудем, аммо бо сари баланд!


Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар дидори дӯстонаи худ бо мунтахаби Чин бо ҳисоби 0:1 дар сафар мағлуб шуд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар Усмон Тошев нисбат ба бозӣ бо Афғонистон се тағйирот анҷом дод. Мизбонон ҳанӯз дар дақиқаи 10-уми вохӯрӣ бо кумаки Як Ҳу ҳисобро боз карданд. Ба ин нигоҳ накарда, футболбозони тоҷик бозии зебо нишон дода, имкониятҳои хуби голзанӣ ба миён оварданд. Дар чанд маврид Эҳсони Панҷшанбе, Ҷаҳонгир Эргашев, Муҳаммадҷон Раҳимов ва Шериддин Бобоев аз фурсати голзанӣ истифода бурда натавонистанд. Ҳамин тавр бо натиҷаи 1:0 рақобати дастаҳо дар варзишгоҳи "Тянҳу"-и Гуанжоу ба поён расид. Ёдовар мешавем, ки аз пеш Чин бо Филиппин (2:0) ва Тоҷикистон бо Афғонистон (1:1) бозии рафиқона анҷом дод буданд. 


Бозии дӯстона 
Чин– ТОҶИКИСТОН – 1:0
Гол: Янг Ҳу, 10 (1:0).
Тоҷикистон: Рустам Ятимов, Сиёвуш Асроров, Табрези Давлатмир, Аҳтам Назаров (к), Искандар Ҷалилов (Зоир Ҷӯрабоев, 89), Амирбек Ҷӯрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (Отабек Каримов, 72), Эҳсони Панҷшанбе, Парвизҷон Умарбоев (Кароматулло Саидов, 76), Ҷахонгир Эргашев, Шериддин Бобоев (Шаҳром Самиев, 76).

Довар: Равшан Ирматов (Ӯзбекистон).

11 июн. Гуанчжоу. варзишгоҳи «Тянҳу». 40 000 тамошобин.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив