LIVE

Пешсафии Тоҷикистон дар гурӯҳи «F»

Дирӯз, дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии нахустини гурӯҳии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи “F” миёни яккачинҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд. Дар ин майдондорӣ миллипӯшони тоҷик бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд, ки ягона голи ин дидорро Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 41-ум ба самар расонид. Баъди сипарӣ шудани якум давр дар гурӯҳи F мунтахаби Тоҷикистон бо касби 3 хол садрнишини ҷадвал ба ҳисоб меравад. Дар зинаи дуюм бошад, Муғулистон низ се хол дораду дар ҷои дуюм қарор гирифтааст. Дар даври дуюм миллипӯшони тоҷик санаи 10-уми сентябр бо тими миллии Муғулистон рӯ ба рӯ мешаванд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив