LIVE

Ихтилоф миёни Хави ва роҳбарияти «Барселона» сари шартномаи кории навин

Сармураббии «Барселона» Хави дар мавриди тамдидкунии шартномаи кории хеш бо роҳбарияти даста гуфтушунидҳо  дорад,  хабар медиҳад нашрияи Mundo Deportivo.
Тибқи ахбороти сарчашма яке аз нуқтаҳои ғайриоддӣ дар гуфтушунидҳо он аст, ки Хави зиёдкунии маошии кории ёваронашро аз роҳбарият хостор шудааст. Аммо роҳбарияти бошгоҳ бар он аст, ки мутахассис бояд баъди зиёдшавии маоши корӣ худ миёни онҳо пулро қисмат кунад. 
Қайд карда мешавад, ки Хави бовар дорад масъалаи тамдидкунии шартномаи ӯ то рӯзи 30-юми июн ҳал мегардад.
Ёдрас мекунем, ки Хави «Барселона»-ро аз соли 2021 инҷониб роҳбарӣ намуда, қарордоди кории ӯ бо бошгоҳ то соли  2024 мӯҳлат дорад.
Дар мавсими қаблӣ мутахассиси номбурда баъди касби 88 хол аз 38 бозӣ «Барселона»-ро ба қаҳрамонӣ дар Испания расонида буд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив