LIVE

Хави пешниҳоди«Барса»-ро барои чӣ қабул накард?

Собиқ футболбози «Барселона» ва сармураббии кунунии дастаи  «Ал-Садд» Хави Эрнандес пешниҳоди бошгоҳи каталониро қабул накардааст.  Тавре Mundo Deportivo хабар медиҳад,  Хави нахостааст то бо даста аз миёнаи мавсим корро оғоз намояд. Барои ӯ муҳим будааст, ки бо ҳайат қабл аз оғози мавсим тамринҳои дастҷамъӣ баргузор карда, корро аз сифр шуруъ намояд.  Ҳамчунин ба собиқ ниммуҳофизатгари мунтахаби Испания роҳбарияти «Барселона»  барои андеша вақти кам додаанд. Омили дигари рад каррдани пешниҳод дар он будааст, ки Хави мақсад  дорад бо дастаи «Ал-Садд» ҷойза ба даст биорад ва феълан тими  ӯ ба даври ниҳоии Ҷоми Қатар баромадааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив