LIVE

Маълум шуд, ки чаро “Барселона” бо Хави созиш карда наметавонад

Гуфта мешавад, ки сармураббии феълии “Барселона” Роналд Куман аз мақомаш ба истеъфо фиристода мешавад. Роҳбарияти бошгоҳи каталонӣ  мехоҳад бар ивази мутахассиси ҳоландӣ собиқ бозикуни беҳамтои  худ Хави Эрнандесро даъват кунанд. Ба навиштаи матбуоти Испания, дар ин муомила чанд мушкил вуҷуд дорад.
Пеш аз ҳама, Хави нигарон аст, ки Куман ба хотири ӯ аз кор ронда мешавад. Вай намехоҳад ба мутахассиси голландӣ беҳурматӣ зоҳир кунад. Илова бар ин, оилаи Эрнандес аллакай дар Қатар унс гирифтааст ва дар он ҷо хуб зиндагӣ мекунад. Масъалаи кӯчидан барои Хави низ мушкил аст.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз “Барселона” бо “Кадис” 1:1 мусовӣ кард. Ин даста дар ҷадвали Ла Лига дар ҷои 7 -ум қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив