LIVE

"Ал-Садд" дар бораи овозаҳо нисбати Хави изҳорот интишор кард

"Ал-Садд" дар бораи эҳтимоли рафтани Хави ба "Барселона" изҳорот нашр кард.

«Дар посух ба он чизе, ки ахиран паҳн шуд, роҳбарияти "Ас-Садд" тасдиқ мекунад, ки Хави бо клуб шартномаи дусола дорад ва тамоми диққаташро ба бозиҳои дарпешистодаи даста равона кардааст. Мақсад ин аст, ки пешсафии худро дар лига нигоҳ дорем ва унвони қаҳрамониро ҳифз кунем”, - навиштааст клуби қатарӣ дар Твиттери расмии худ.

Қаблан расонаҳои Испания хабар дода буданд, ки Хави ба “Барселона” меояд. Роналд Куман аз роҳбарии бошгоҳи каталонӣ барканор шуд. Хави ҳоло номзади асосии ин курсии холӣ маҳсуб мешавад.

Гузашта аз ин, як қатор манбаъҳо иддао карданд, ки мураббӣ аллакай бо "Ал-Садд" барои бекор кардани шартнома ба мувофиқа расиданд.
Хави қаблан бо «Ал-Садд» шартномаи нав имзо кард, ки то соли 2023 амал мекунад. Аммо раҳбарияти бошгоҳ, ба навиштаи расонаҳо, ба ӯ ваъда додааст, ки агар аз ягон  дастаҳои олӣ пешниҳоди ҷиддӣ бигирад, дахолат намекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив