LIVE

"Барса" бо Хави ба мувофиқа расид. Ҷубронпулӣ 1 млн евро

«Барселона» бо сармураббии "Ал-Садд" Хави ба мувофиқа расиданд. 
Ҳоло «нилунориҳо» бо бошгоҳи қатарӣ ба мувофиқа расиданд,  ки шартномаи мутахассисро бекор кунанд. Маблағи ҷубронпулӣ дар созишномаи собиқ бозигари «Барса» 1 миллион евро дарҷ шудааст.
Ба иттилои Diario Sport, аъзои ҳайати ӯ, ки ҳамроҳаш дар "Ал-Садд" кор мекунанд, ба "Барселона" хоҳанд омад: бародари Хави Оскар, ёвараш Серхио Алегре ва мураббии тайёрии ҷисмонӣ Иван Торрес.

Дар "Барса" Хави беҳтарин мураббӣ барои оғози лоиҳаи нав ҳисобида мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив