LIVE

Куман пас аз бозӣ бо "Атлетико" барканор мешавад?

Рӯзҳои наздик Роналд Куман аз мақоми сармураббии "Барселона" озод карда мешавад.
Роҳбарияти клуби каталонӣ дар ниҳоят ба ноустувории идомаи ҳамкорӣ бо мутахассиси голландиро эътироф карданд. Президенти "нилунориҳо" Жоан Лапорта тасмим гирифт, ки сармураббиро пас аз нокомии даста аз "Бенфика" дар бозии Лигаи Чемпионҳо раҳо  кунад. Бо вуҷуди ин, Куман ҳоло ҳам дар бозии Чемпионати Испания бо "Атлетико Мадрид", ки рӯзи 2 октябр баргузор мешавад, "Барса"-ро роҳбарӣ мекунад. Тибқи иттилои Marca, мураббии нав ҳангоми танаффуси бозиҳои байналмилалӣ ба даста ҳамроҳ мешавад.
Номзадҳо ба ҷои Куман мураббии собиқи "Ювентус" Андреа Пирло, мураббии "Ал-Садд"  Хави ва роҳбари тими миллии Белгия Роберто Мартинес гуфта мешаванд.
Дар  сурати  барканории Куман  "Барселона"-ро мебояд  ба ҳолландӣ  ба маблағи 12 миллион евро ҷубронпулӣ пардохт кунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив