LIVE

"Барса" Куманро аз вазифааш сабукдӯш мекунад

Дастаи “Барселона” тасмим гирифтааст, ки дар охири мавсими ҷорӣ сармураббӣ Роналд Куманро аз мақомаш сабукдӯш кунад. Бино ба иттилои сомонаи RAC1, ин тасмим пас аз бохти даста дар бозии даври 37-уми Ла Лига бо “Селта” (1:2) гирифта шудааст. “Нилунориҳо” ин бозиро бохта, ҳатто имкони математикии худро барои қаҳрамон шудан аз даст доданд. Ин даста ҳоло дар ҷадвали Ла Лига бо 76 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор дорад.
Қайд карда мешавад, ки Куман имкони нигоҳ доштани вазифаи сармураббиро танҳо дар сурате дорад, ки агар роҳбарияти “нилунориҳо” ҷойгузини сазовори ӯро пайдо карда натавонад. Пештар хабар дода шуд, ки "Барселона" дар сурати барканории Куман се номзадро баррасӣ мекунад. Ба рӯйхати мазкур сармураббии “Барселона Б” Хави Гарсиа, собиқ нобиғаи “Барса” Хави ва роҳбари “Аякс”- и Ҳолланд Эрик тен Хаг дохил карда шудаанд.
 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив