LIVE

"Барселона" Куманро аз вазифааш озод мекунад

Сармураббии “Барселона”  Роналд Куман метавонад  пас аз анҷоми мавсим вазифаашро тарк кунад, менависад ESPN.
Тибқи иттилои манбаъ, якчанд директорон чунин мешуморанд, ки услуби бозии Куман ба ҳадафҳои дарозмуддати клуб мувофиқат намекунад ва ҳатто агар “Барселона”  дар чемпионати Испания пирӯз шавад ҳам, бо Куман ҳамкориро қатъ мекунанд.  Се давр  пеш аз анҷоми мавсим, чор дастаи чемпионат барои медали  тилло рақобат мекунанд - Атлетико (77), Реал (75), Барселона (75) ва Севиля (71).
Пештар клуби каталонӣ дар бозии ниҳоӣ “Атлетик”-ро бо ҳисоби 4:0 мағлуб карда, Ҷоми Испанияро ба даст оварда буд.
Ёдовар мешавем, ки Роналд Куман раҳбарии “Барселона”-ро моҳи августи соли 2020 ба дӯш гирифта буд. Созишномаи ин мутахассис бо клуб то соли 2022 эътибор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив