LIVE

Аввалин дархости Куман аз “Барселона”

“Барселона” бо такия ба тавсияи номзад ба мақоми сармураббӣ  Роналд Куман метавонад нимҳимоятгари дастаи “Аякс” Донни ван де Бекро дар равзанаи гузариши тобистона харидорӣ кунад. Дар ин бора TNT Sports навиштааст.
Тибқи иттилои манбаъ, Роналд Куман эҳтимол аст дар ояндаи наздик сармураббии “Барселона” таъин шавад ва яке аз аввалин  дархости ӯ ин ҷалби ниммуҳофизатгари мазкур мебошад.  
Ван де Беки 23 сола дастпарвари бошгоҳи  “Аякс” буда, мавсими гузашта, дар 23 бозии чемпионати Нидерландия иштирок карда, ба задани 8 гол даст ёфтааст.  Шартномаи бозингар бо клуби амстердамӣ то тобистони соли 2022 эътибор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив