LIVE

Ван де Бек ин тобистон дастаашро тарк намекунад!

Директори варзишии “Аякс” Марк Овермарс ҳангоми ифтитоҳи варзишгоҳи Йохан Кройф дар Барселона андешаи худро дар бораи Френки де Йонг, ки бозигари дастаи Каталония аст, иброз дошт ва инчунин итминон дод, ки ниммуҳофизатгари бошгоҳи Амстердам Донни ван де Бек дар равзанаи гузариши тобистона ба ҳеҷ куҷо намеравад. “Ин рӯзи таърихист. Ман шодам, ки дар ин маросим иштирок кардам. Фрэнки метавонад 10 сол дар Барселона бозӣ кунад, аммо барои мутобиқ шудан ба ӯ вақт лозим аст. Мураббӣ бояд ба ӯ ҷои беҳтаринро дар майдон пайдо кунад. Ван де Бек бошад имсол дар “Аякс” хоҳад монд ”, гуфтааст Овермарс.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки бошгоҳи “Реал Мадрид”  ба Ван де Беки 22-сола таваҷҷӯҳ дорад. Дар мавсими гузашта, ин ниммуҳофизатгар  дар 34 бозии чемпионати Ҳолланд ширкат варзида муаллифи 9 гол ва 10 партофти головар ҳам шудааст. Шартномаи бозингар бо дастаи Амстердам то тобистони соли 2022 эътибор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив