LIVE

"Барселона" Френкиро муаррифӣ кард

Бошгоҳи футболи “Барселона” ниммуҳофизатгари бошгоҳи “Аякс” - Френки де Йонгро расман муаррифӣ кард. Дастаи каталонӣ барои харидории бозигари 21 солаи ҳолландӣ ба хазинаи “Аякс” 75 млн евро пардохт намудааст. Тибқи хабаргузории сомонаи расмии “нилунориҳо” де Йонг бо “Барселона” шартномаи ҳамкории 5 соларо ба имзо расонидааст. Френки дар дастаи наваш таҳти шумораи 21 майдондорӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив