LIVE

Пешниҳоди “Сампдория” ба “Зенит”

Ниммуҳофизатгари  "Зенит" Эмилиано Ригони пас аз чанд соати оянда метавонад бозигари “Сампдория” шавад. Дирӯз, 28 август, намояндаҳои ҳарду даста Александр Медведев, Хавиер Рибалто ва агенти бозигар Пабло Саббаго дар Мюнхен гуфтушунид анҷом доданд.
“Сампдория” мехоҳад ин ниммуҳофизатгари аргентиниро як сол ба иҷора гирад ва баъд бо маблағи 9 млн евро харидорӣ кунад. Маврид ба ёдоварист, ки Ригони тобистони соли 2017 аз “Индепенденте”- и Аргентина ба “Зенит”   гузашт. Футболбози 26-сола нимаи аввали мавсими 2018/19 -ро дар “Аталанта” ҳамчун бозигари иҷоравӣ гузаронид. Дар ҳайъати “Зенит” бошад Ригони дар 11 бозӣ дар мавсими гузашта ба майдон баромада, 3 гол ва 6 партофт анҷом дод. Шартномаи бозингар бо “Зенит” то тобистони соли 2021 имзо шудааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив