LIVE

Мураббии ояндаи “Барса”-ро дар фурӯдгоҳи Каталония дидаанд

Бино ба иттилои Marca, мураббии тими миллии “Нидерландия” - Роналд Куман дар фурудгоҳи “Барселона” ба мушоҳида расидааст. Куман яке аз довталабони асосӣ барои ишғоли вазифаи сармураббии  “Барселона” мебошад. Қаблан президенти клуби каталанӣ -Хосеп Бартомеу эълон кард, ки Энрике Сетйен тарки вазифа намуд. 
 Хабар дода мешавад, ки натанҳо Сетйен, балки  директори варзишии даста - Эрик Абидал низ кӯрсии худро аз даст медиҳад. Абидал метавонад аз кор ронда шавад, зеро ӯ ҳатто пас аз мағлубият бо ҳисоби (8: 2) дар бозии ¼ ниҳоии Лигаи Чемпионҳо бар зидди “Бавария”, мураббиро дастгирӣ мекунад.
Дар шартномаи Роналд бо Иттиҳоди футболи Нидерландия банде мавҷуд аст, ки мураббӣ имкон дорад, ки баъд аз Евро-2020, агар аз ҷониби  “Барселона”  пешниҳод шавад, метавонад, ки тарки тими миллӣ намояд. 
Дар фаъолияти футболбозии худ Куман аз соли 1989 то 1995 дар ҳайати нилунориҳо бозӣ кардааст. Аз соли 1998 то соли 2000-ум ӯ ба симати ёвари сармураббии “Барселона” кор кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив