LIVE

Ҷузъиёти қарордоди Роналд Куман бо “Барса” ошкор шуд

Сармураббии тими миллии Нидерландия - Роналд Куман ба наздикӣ сармураббии “Барселон” мешавад. Ҷонибҳо дар мавриди ҳамкорӣ гуфтушунид анҷом дода,  ба мувофиқа расиданд.  Бино ба гузориши Mundo Deportivo, мутахассис бо бошгоҳи каталонӣ ба муҳлати ду сол шартнома имзо хоҳад кард.
Ба назари роҳбарияти “Барселон” мураббии ҳоландӣ беҳтарин номзад барои мақоми сармураббии даста аст. Роналд Куман  дар мақоми сармураббии клуб Энрике Сетиенро иваз мекунад.  Инчунин маълум шуд, ки директори варзишӣ  - Эрик Абидал низ метавонад ҳамроҳ бо Сетйен клубро тарк кунад. Дар шартномаи Роналд бо Иттиҳоди футболи Нидерландия банде мавҷуд будааст, ки мураббӣ имкон дорад, ки баъд аз Евро-2020, агар аз ҷониби   “Барселона”  пешниҳод шавад, метавонад, ки тарки тими миллӣ намояд. 
Дар фаъолияти футболбозии худ Куман аз соли 1989 то 1995 дар ҳайати нилунориҳо бозӣ кардааст. Аз соли 1998 то соли 2000-ум ӯ ба симати ёвари сармураббии “Барселона” кор кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив