LIVE

Куман муқобили Пуч -"Барселона" дар пушти Рики


"Барселона" дар ҷараёни музокирот барои  тамдиди шартнома бо нимҳимоятгар Рики Пуч қарор дорад. Ба иттилои рӯзноманигор Фабритсио Романо  нилунориҳо то соли 2023 ба Пуч қарордод пешниҳод мекунанд. Ба гуфтаи манбаъ, нилунориҳо  нақшаи ба иҷора додани Рикиро надоранд. Агар чӣ  дар мавсими имсола ӯ дар чемпионати Испания ду бозӣ кардааст. Аввали моҳи декабр футболбози 21-сола хабар дод, ки  дар равзанаи гузаришҳои  зимистона “Барселона”-ро тарк кунад ва дар ягон дастаи дигар тариқи иҷора бозӣ мекунад. Тибқи иттилои расонаҳои Испания, "Бетис" ба Пуч таваҷҷӯҳ дорад. Аз ҷониби дигар  футболбоз наметавонад бо сармураббии даста Роналд Куман забон ёбад. Мутахассиси ҳоландӣ Рикиро  ба ифшои иттилои тим айбдор мекунад. Ва маҳз далели Куман ин нобоварӣ ба бозигар мебошад.  Инчунин “Милан”- и Италия низ мехоҳад, Пучро дар равзанаи трансферии зимистона ба иҷора гирад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив