LIVE

Рики Пуч низ ба рӯйхати сиёҳи Куман дохил шуд

Бо вуҷуди он, ки сармураббии ҳоландӣ иқрор шудааст, ки Рики Пуч барояш лозим нест, аммо футболбоз нақшаи тарки “Барселона”-ро надорад. Нимҳимоятгари 21 сола  мехоҳад, ки фаъолияташро дар дастааш идома диҳад. Дар ин бора Sport.es навиштааст.  
    Бино ба иттилои манбаъ  футболбоз тасмим гирифтааст, ки бо вуҷуди он  ки сармураббии даста Роналд Куман ба ӯ умед надорад, барои сазовор шудан ба ҳайати асосии клуби каталонӣ мубориза мебарад. Нимҳимоятгар қарори худро ба роҳбарияти клуб эълон кард. Дар ин мулоқот падар ва намояндаи ӯ низ ҳузур доштанд. 
Пучи 21-сола хатмкардаи академияи “Барселона” аст. Дар мавсими гузашта вай дар 11 бозии чемпионати Испания ширкат варзид, ки дар он муаллифи ду партофти головар шуд. Шартномаи футболбоз бо дастаи “Барса” то тобистони соли 2023 амал мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив