LIVE

Барселона:Куман бозигарашро буз гуфт ва ӯ аз даста рафтанист

Нимҳимоятгари “Барселона”  Рики Пуч хоҳиши тарки дастаро дорад.  Пуч  мехоҳад дар равзани гузаришҳои зимистон ҳайати каталониҳоро тарк кунад.  Бино ба иттилои Estadio Deportivo, футболбози 21-сола мехоҳад тариқи иҷора ба ягон бошгоҳи дигар гузарад. 
Аз ҷониби дигар, Барселона ният дорад, ки шартномаи футболбозро тамдид намояд. Айни замон қарордоди даста бо футболбоз то соли 2023 ҳукми қонунӣ дорад. Тибқи иттилои расонаҳои Испания  дастаи "Бетис" ба Пуч таваҷҷӯҳ дорад. 
Нимҳимоятгар дар мавсими ҷорӣ дар чор бозии “Барселона” ширкат намудааст. Аммо ягон рақобатро дар ҳайати асосӣ  оғоз накардааст. 
Чанде қабл хабар дода шуда буд, ки Пуч бо сармураббии даста Роналд Куман муноқиша кардааст. Мутахассиси ҳолландӣ футболбозро ба ифшои сири даста ба рӯзноманигорон айбдор мекунад.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив