LIVE

Куман 3 бозигари нав талаб кард

Сармураббии нави "Барселона" Роналд Куман дар равзанаи гузаришҳои тобистона дар пеши роҳбарият вазифа гузоштааст. Дар ин бора  AS иттилоъ додааст. 
Тибқи иттилои манбаъ, мутахассиси ҳолландӣ мехоҳад, ки клуби каталонӣ ҳимоятгари “Манчестер Сити” - Эрик Гарсия, нимҳимоятгари «Аякс» - Донни ван де Бек ва ҳамлагари «Интер» - Лотаро Мартинесро ба даст орад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки "Барселона" бо "Интер" дар бораи Мартинес музокирот карданд, аммо  клубҳо ба мувофиқа нарасидаанд. Маблағи гузариш дар шартномаи футболбози 22-солаи аргентинӣ 111 миллион евро пешбинӣ шудааст. Дар бораи Гарсиаяи 19-сола бошад, ӯ дастпарвари худи "Барселона" маҳсуб меёбад. Худи дастаи  “Манчестер Сити” ин бозигарашро ба ҳайати аввалия шомил карданист.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив