LIVE

Роналд Куман расман сармураббии ҷадиди "Барселона"

Билохира пас аз сару садоҳои зиёд  "Барселона"  расман сармураббии нави дастаро эълон кард. Мутахассиси ҳолландӣ Роналд Куман роҳбари каталониҳо  таъйин карда шуд. Муҳлати қарордоди тарафайн 2 солро дар бар мегирад. Охирин ҷойи кори мутахассиси 57 сола  ин  тими миллии Нидерландия буд.  Дар боби тақдири  ин мансабаш ҳанӯз хабаре нест.  Ёдовар мешавем, ки Куман дар  мақоми сармураббии бошгоҳи "Барселона" - Кике Сетйенро  иваз кард.  Роналд Куман ба ҳайси футболбоз аз соли 1989 то соли 1995 шарафи «Барселона»-ро ҳимоя мекард. Ин мутахассис аллакай соли 2000-ум дар «Барселона» ба ҳайси ёвари сармураббӣ фаъолият намуда буд. Ӯ дар гузашта дастаҳои «Аякс», «Бенфика», ПСВ, «Валенсия», АЗ, «Фейеноорд», «Саутгемптон» ва «Эвертон»-ро низ тамрин додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив