LIVE

Семеду ба «Интер» меравад

Муҳофизатгари «Барселона» - Нелсон Семеду имкон дорад, ки ба дастаи «Интер» гузариш кунад. Ба ҳунари футболбози 26 сола ҳамчунин дастаҳои «Ювентус» ва «Манчестер Сити» низ таваҷҷуҳ доранд. 
«Ювентус» бо сабаби мушкилии молиявӣ Семедуро ба ҳайаташ ҷалб сохта наметавонад. Дар мавриди «Манчестер Сити» бошад, «Барса» муҳофизатгар - Жоау Канселуро талаб дорад, ки "шаҳриҳо" намехоҳанд ӯро дар ин муомилот ҳамроҳ намоянд. Аз эҳтимол дур нест, ки Нелсон ба «Интер» гузариш кунад, зеро худи футболбоз шартномаашро бо миланиҳо ҳамоҳанг кардааст. Аммо «Интер» ва «Барселона» дар мавриди ин гузариш ба мувофиқа нарасидаанд. 
«Барселона» барои Семеду  41 млн € талаб доранд. Ё ин ки ба «Интер» Семеду боз 70 млн € пешниҳод кардаанд, то ҳамлагар Лаутаро Мартинесро ба Каталония равона созад, аммо бошгоҳи итолиёвиро ин пешниҳод писанд наомад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив