LIVE

Мората Мадридро ба Милан иваз мекунад

Ҳамлагари дастаи «Атлетико» - Алваро Мората имкон дорад, ки дубора ба Италия баргардад. Дар ин бора Football Italia хабар медиҳад.
Ба иттилои сарчашма ба ҳунари ҳамлагари 27 сола тими «Интер» таваҷҷуҳ дорад ва миланиҳо дар симати Алваро Мората ҷойгузини Лаутаро Мартинесро дидан мехоҳад.  Мартинес мақсад дорад, ки ба “Барселона” гузариш кунад. 
Феълан Мората дар «Атлетико» бозингари иҷоравӣ маҳсуб мешавад. Футболбози испанӣ бо «Челси» шартнома дорад ва «Интер» барои ӯ  56 млн € маблағ пардохт мекунад. 
Қаблан Алваро  дар ҳайати «Ювентус» аз соли 2014 то 2016 бозӣ кардааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив