LIVE

Пирӯзии «Атлетико» бар «Хетафе»

Дар бозии даври якуми Ла Лига бошгоҳи “Атлетико” бо тими “Хетафе” бозӣ намуд. Вохӯрии тимҳо дар майдони навбунёди «Ванда Метрополитано» баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 хотима ёфт. Ягона голи ин майдондориро ҳамлавар Алваро Мората ба самар расонида, пирӯзии дастаашро таъмин намуд. Ҳамин тавр “Атлетико Мадрид” мавсими навро бо пирӯзӣ оғоз кард. Дар даври дуюм “Атлетико” санаи 25-уми август бо тими “Леганес” рӯ ба рӯ мешавад. 
Чемпионати Испания. Ла Лига 
Даври 1-ум
«Атлетико» — «Хетафе» — 1:0 (1:0)
Гол: Мората, 23.
«Атлетико»: Облак, Савич, Триппйер, Хименес, Лоди, Коке, Саул, Партей (Эрмосо, 62), Мората, Лемар (Витоло, 73), Жоау Феликс (Лйоренте, 66).
«Хетафе»: Сория, Кабрера (Раул Гарсия, 46), Нйом, Суарес (Анхел, 64), Ҷене, Бруно Гонсалес, Кукуреля, Фажр, Арамбарри, Хорхе Молина, Хайме Мата (Галего, 80).

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив