LIVE

Пирӯзии "Арсенал" бар “Нюкасл Юнайтед”

Дар даври якуми рақобатҳои ПЛА бошгоҳи “Арсенал” ба меҳмонии “Нюкасл Юнайтед” сафар кард. Бозии тимҳо дар мйдони  “Сент-Ҷеймс Парк - Спортс Директ Арена” баргузор шуда, бо ҳисоби 1:0 ба суди “тӯфангдорон” хотима ёфт. Ягона голи ин дидорро ҳамлавари габонии “Арсенал” - Пер-Эмерик Обамеянг дар дақиқаи 58-ум ба самар расонида, пирӯзии тимашро таъмин кард. Ҳамин тавр лондониҳо даври якуми ПЛА-ро бо хушнудӣ оғоз намуда, соҳиби се имтиёз шуданд. Дар даври дуюм “Арсенал” санаи 17-уми август бо тими “Бёрнли” майдондорӣ мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив