LIVE

"Атлетико" бар Ибрагимович, Руни ва дигар ситораҳои MLS зафар ёфт

Дастаи “Атлетико” –и  Испания бо стораҳои  MLS бозии рафиқона баргузор намуд. Дар ҳайати ситораҳои  MLS  Ибрагимович, Нани, Руни ва дигар ситораҳои саршиноси олами футбол ҳунарнамоӣ карданд.   Новобаста ба он ки бозӣ характери дӯстона  дошт,   ҳар ду даста талош карданд, ки рафти бозиро идора кунанд. Рақобати ин дастаҳо ҷолиб сурат гирифта, бо ғалабаи  “Атлетико” бо ҳисоби 3-0 анҷом ёфт. 
Ҳисоби дидорро  дар дақиқаи 43-юми майдондорӣ футболбози нави мадридиҳо Маркос Лйоренте боз намуд. Дар қисмати дуввуми рақобат, саҳеҳтараш дар дақиқаи 85-ум боз як бозигари нави “колченарос” Жао Феликс  ба задани гол мушарраф шуда, ҳисобро афзун намуд. Голи сеюмро Диего Коста дар дақиқаи 93-юми майдондорӣ ба номаш мӯҳр зад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив