Президенти бошгоҳи «Лион» Жан-Мишел Оляс овозаҳоро дар мавриди гузариши футболбози даста Мемфиса Депай ба тими «Барселона» шарҳ дод. “Шартномаи мо бо Мемфис Депай ба анҷом меравад. Роналд Куман хоҳиш дорад, ки ҳалагари 26 сола дар «Барселоне» бозӣ кунад. Барои ин бозигари ҳоландӣ ҳамчунин як тими дигар, дастаи «Рома» низ пешниҳоди ҳамкорӣ додааст”, гуфтааст, Оляс ба сомонаи Goal.
Ҳамлагар аз соли 2017 дар тими “Лион” бозӣ мекунад. Қарордоди ӯ бо тими фаронсавӣ охири мавсими солҳои 2020/2021 ба охир мерасад. Портали интернетии Transfermarkt арзиши футболбозро феълан 44 миллион евро тахмин кардааст. Ба ҷуз аз “Барселона”, “Милан” низ Депайро бозигари худ карданист.