LIVE

"Барса" намедонад киро фурӯшад ва киро нигоҳ дорад

Расонаҳои испанӣ менависанд, ки шаш нафар футболбозон метавонанд дар ҷараёни равзанаи гузариши зимистона ҳайати "Барселона"-ро тарк кунанд. "Барса" омода аст нимҳимоятгарон Карлес Аленя ва Рики Пучро ба иҷора диҳад. Ғайр аз ин, даста мехоҳад чаҳор бозингар - Матеус Фернандес, Ҷуниор Фирпо, Самуэл Юмтити ва Мартин Брайтвайтро фурӯшад. "Интер" ва "Наполи" ба Фирпо, "Лион" ва "Рома" ба Юмтити таваҷҷӯҳ зоҳир кардаанд. Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар сурати розӣ нашудани футболбозон барои коҳиши маоши кор "Барселона"-ро бӯҳрони молиявӣ таҳдид мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив